Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон анбори ураниуми ғанишуда месозад


Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Қазоқистон созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он дар қаламрави Қазоқистон нахустин анбори байналмилалии ураниум ғанисозишуда барои нерӯгоҳҳои атомӣ сохта мешавад. Санади мазкурро Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ва Эрлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, рӯзи 27-уми август дар шаҳри остона имзо карданд. Анбори ураниуми лозим барои нерӯгоҳҳои атомӣ соли 2017 ба кор андохта мешавад ва бояд кишварҳои узви оҷонсиро ба таври мунназам бо маводи сӯхт таъмин кунад. Ба гуфтаи тарафдорони таъсиси анбори байналмилалии ураниум, аз ин роҳ метавон монеи густариши силоҳҳои атомӣ шуд, зеро пеши роҳи кишварҳоро барои бунёди реакторҳои атомӣ мегирад. Ғанисозии ураниум аз ҷумла ураниуми ғализ дар Эрон бештар аз як даҳсола сабаби кашмакаш миёни ин кишвар ва Ғарб шуд.

XS
SM
MD
LG