Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хадиҷа Исмоилова аз сар гирифта шуд


Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Додгоҳи шаҳри Боку рӯзи 18-уми август баррасии парвандаи хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоиловаро дар ҳоле аз сар гирифт, ки модару хоҳари ӯ воқеъбинона ва мунсифона гузаштани мурофиаро зери шубҳа бурданд.

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар яке аз баррасиҳои ахир дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа ҳеҷ иртиботе ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда будааст.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои ғарбӣ мегӯянд, ки парванда алайҳи Хадиҷа Исмоилова ангезаи сиёсӣ дорад.

Элмира Исмоилова, модари Хадиҷа, рӯзи сешанбе ҳангоми танаффус дар мурофиа, ба хабарнигорон гуфт, ки иттиҳом сартопо дурӯғу бӯҳтон аст. Додгоҳ аллакай чанд хоҳишу пешниҳоди вакилони дифоъ, аз ҷумла, дархости як ҳафтаи иловагии гуфтугӯ бо Хадиҷа Исмоилова ва даъвати шоҳидони иловагиро рад намудааст.

Ҳафтаи гузашта Хадиҷа Исмоилова ба яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳо дар бахши ҳуқуқи башар – ҷоизаи ба номи Элисон Де Форж, мушарраф шуд.

Дар изҳороти созмониHuman Rights Watch, ки рӯзи 11-уми август нашр шуд, омадааст, ҷоиза ба афроде супурда мешавад, ки ҷасурона ва аксар вақт дар шароити хатарбор барои ҳуқуқи башар мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG