Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои бознигарии ҳукми Тсарнаев


Ҷавҳар Тсарнаев
Ҷавҳар Тсарнаев

Вакилони дифои Ҷавҳар Тсарнаев, ки барои бомбгузорӣ дар дави марафони Бостон маҳкум ба эъдом шудааст, рӯзи 17-уми август хостори мурофиаи нав аз рӯи ин парванда ва аммо берун аз қаламрави шаҳри Бостон шуданд. Онҳо мегӯянд, ки бар асари таблиғоти густурда дар Бостон ва дигар шаҳрҳои Амрико ҳайати мунсифа аз имкони арзёбии воқеъбинонаи ин ҳодиса маҳрум буд. Ҳайати мунсифа рӯзи 15-уми май Ҷавҳар Тсарнаевро ба қатл маҳкум кард.

Вакилони дифоъ рӯйхати чорабиниҳои зиёде ба хотири ёдбуди қурбониёни таркиш дар марафони Бостонро пешниҳод карданд, ки ҳамаи онҳо аз тариқи расонаҳо, телевизион ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда инъикос шудаанд. Дар ин гуна вазъ, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, ҳайати мунсифа наметавонист тасмими одилона бигирад.

Вакилони дифоъ ҳамчунин талаб кардаанд, ки ҳукми эъдом алайҳи Ҷавҳар Тсарнаев лағв карда шавад. Онҳо даст доштани Ҷавҳар дар таркишҳоро инкор намекунанд, аммо мегӯянд, масъули асосии ташкили таркишҳо Темирлан, барордари Ҷавҳар Тсарнаев буд, ки дар тирандозӣ бо кормандони полис кушта шудааст.

Ҷавҳар Тсарнаев рӯзи 24-уми июни соли равон ба гуноҳаш иқрор кард ва аз пайвандони қурбониёни ҳодиса маъзарат хост.

Талабҳои қаблии вакилони дифоъ барои дар дигар шаҳри ИМА баргузор кардани мурофиаи додгоҳӣ аз сӯи додрасҳо рад шуда буданд.

Таркиш дар дави марафонии Бостон дар моҳи апрели соли 2013 мунҷар ба ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 260 каси дигар шуда буд.

XS
SM
MD
LG