Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамкориҳои низомӣ то Сурия - дар мулоқоти Лавров бо Зариф


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Кремл мехоҳад дар пайи сабук шудани таҳримоти зидди Эрон дар натиҷаи муомилаи ҳастаии он кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳои низомиву фанниаш бо Теҳронро рушд бидиҳад. Лавров дар ин бора рӯзи 17 август дар пайи мулоқот бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Маскав сӯҳбат кард. Матбуоти Русия мегӯяд, ду ҷониб имкони интиқоли мушакҳои замин ба ҳавои S-300 аз Русия ба Эрон ва қарордодҳои нав ҷиҳати бунёди корхонаҳои ҳастаӣ дар он кишварро баррасӣ кардаанд. Лавров ва Зариф ҳамчунин ташаббуси муштаракашон ҷиҳати ҳалли дипломатии ҷанги шаҳрвандии Сурияро баррасӣ карда, такроран гуфтаанд, ки даъвати аз қудрат рафтани раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро намепазиранд. Лавров дар ин робита гуфт: “Мо ихтилофи назар ҳам дорем. Аз ҷумла дар мавриди чигуна ҳал кардани сарнавишти раисиҷумҳури кунунӣ ва қонунии Ҷумҳурии арабии Сурия.” Аммо Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои арабӣ ва мухолифини мӯътадили Сурия ҳар навъ роҳкори сулҳеро, ки ҳифзи Асад дар қудратро пешбинӣ мекунад, қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG