Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI номаҳои Ҳилларӣ Клинтонро меомӯзад


Ҳилларӣ Клинтон барои дар ихтиёри FBI, Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, гузоштани сервере, ки аз он замони фаъоляташ дар мақоми вазири умури хориҷӣ буданаш барои мукобитаи шахсӣ истифода мебурд, розӣ шуд. Ҳамчунин флешкаҳо бо нусхаи номаҳои ӯ ба FBI фиристода мешаванд.

Ҳилларӣ Клинтон замони вазири умури хориҷа буданаш аз сервери почтаи электрониии шахсияш барои мукотибаи хизматӣ ҳам истифода мебурд, ки нақзи қонуни федеролӣ маҳсуб мешавад. Дар натиҷа хонум Клинтон дар арафаи маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА зери фишор қарор гирифт. Ҳилларӣ Клинтонро номзади асосии демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 мешуморанд.

Дар посух ба иттиҳом дипломати воломақом изҳор намуд, ки барои фош кардани муҳтавои номаҳояш омода аст. Ба гуфтаи хонум Клинтон аз 60 ҳазор номае, ки замони вазири умури хориҷа буданаш фиристодааст, тақрибан нисфаш хусусӣ буданд ва онҳоро пок кардааст. Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 11 август хабар дод, он номаҳои Ҳилларӣ Клинтон, ки чун “комилан махфӣ” арзёбӣ мешаванд, нашр нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG