Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ИМА як варзишгари албанӣ ғайб зад


Дар Бозиҳои махсуси олимпӣ

Полиси Лос-Анҷелеси ИМА аз шаҳрвандон дархости кӯмак дар ошкор намудани макони будубоши як варзишгари ғайбзадаи албаниро кард.

Андӣ Гузмарии 44 сола баъд аз хатми Бозиҳои махсуси олимпӣ нопадид шуд – ӯро бори ахир рӯзи 31 июл дар хобгоҳи донишгоҳи Калифорнияи ҷанубӣ, ҷойи муваққати будубоши варзишгарон дида буданд.

Ба иттилои полис, Гузмарӣ бо забони англисӣ ҳарф намезанад ва рӯзи ғайбзанӣ дар тан куртаи сурх бо навиштаҷоти “Албания” дошт. Бозиҳои махсуси олимпӣ аз 25 июл то 2 август идома карданд.

Дар ин бозиҳо тақрибан 6500 варзишгари маъюб аз сартосари олам аз рӯи 25 навъи варзиш бо ҳам сабқат доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG