Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО алюминийи боздоштшуда дар марзро таҳқиқ мекунад


Ширкати ТАЛКО мегӯяд, ки дар робита ба боздошти 13 тонна алюминиюм дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон таҳқиқотро оғоз кардааст. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “ТАЛКО” рӯзи 31 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо зарур медонанд, санҷиш ва ташхис анҷом шавад ва то муайян гардад, ки оё ин ашё ва зарфҳо алюминий ҳастанд ва ё ба Корхонаи алюминийи Тоҷикистон рабт доранд ва ё на. Игор Сатторов афзуд, ки бахши амниятии корхона барои намуна (проба) ин алюминиумро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир дар феҳрасти кишварҳое, ки барои транзити алюминуми қаламрави онҳо истифода мешавад, Қирғизистон шомил намешавад. Корхонаи ТАЛКО мегӯяд, ба гумони ғолиб ин 13 тоннае, ки мехостанд қочоқ кунанд аз алюминиюмҳое мебошад, ки бархе корхонаҳо аз ҳар куҷо ҷамъоварӣ кардаанд. Корхонаи ТАЛКО мегӯяд, барои дақиқ кардани он, мақомоти интизомии кишвар низ бояд машғул шаванд

Дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 30 июл хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 13 тонна алюминиумро ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки арзиши тақрибии ин миқдор алюмини қочоқӣ 16,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин алюмини қочоқӣ дар рустои Жаштики вилояти Бодканд боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG