Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ай Вэйвэй вориди Олмон шуд


Ай Вэйвэй, рассом ва дигарандеши чиноӣ, шоми 30 июл вориди Олмон шуд. Тайи чаҳор соли ахир мақомоти Чин аз баргардонидани шиносномаи хориҷӣба ӯ худдорӣ мекарданд ва рассом аз имкони сафар ба дигар кишварҳо барои ширкат дар намоишгоҳҳо маҳрум буд.

Қарор аст, ки Ай Вэйвэй дар шаҳри Берлин бо ҳамсару писараш, ки дар Олморн ба сар мебаранд, дидор бубинад.

Ба иттилои хабаргузориҳои олмонӣ, ҳангоми будубош дар Олмон рассоми маъруф дар як бемористони шаҳри Мюнхен, ки шаш сол пеш он ҷо баъд аз хунрезии мағзӣ ҷарроҳӣ шуда буд, аз ташхиси тиббӣ мегузарад. Гуфта мешавад, Ай Вэйвэй ба ин маризӣ баъд аз латукӯбишадиди рассоми дигарандеш дар идораи полиси шаҳри Сичуан мубтало шуда буд.

Қарор аст, ки Ай Вэйвэй дар пойтахти Олмон ба офаридани асарҳои нав машғул шавад ва ба шогирдони Донишгоҳи санъати Берлин дарс гӯяд.

XS
SM
MD
LG