Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масимов: Интизори тасмими таърихием


Карим Масимов ва раиси КБО Томас Бах дар Куала-Лумпур
Карим Масимов ва раиси КБО Томас Бах дар Куала-Лумпур

Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, аз Кумитаи байнулмилалии олимпӣ даъват кард, ки “тасмими таърихӣ” бигирад ва Алмааторо макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 эълон кунад.

Зимни муаррифии шаҳри Алмаато ба ҳайси мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, дар шаҳри Куала-Лумпур рӯзи 31 июл ӯ гуфт, “Алмаато – интихобоест, ки барои олимпиадаи соли 2022 ягон хатар нахоҳад дошт”.

Барои дарёфти ҳаққи баргузории Олимпиадаи зимистонаи олимпӣ ду шаҳр – Алмаато ва Пекин мубориза мебаранд.

Карим Масимов таъкид кард, ки дар кӯҳистони атрофи Алмаато барфи воқеъӣ меборад ва истифодаи барфи сунъӣ, тавре дар Пекин пешбинӣ шудааст, ҳоҷат нест.

Пекин, ки ҳафт сол пеш мизбони Бозиҳои олимпии тобистона буд, довталаби аслии баргузории Олимпиадаи зимистона ҳам маҳсуб мешавад. Дар сурати пазируфта шуданаш Пекин нахустин дар таърих шаҳре хоҳад шуд, ки мизбонии Бозиҳои олимпии ҳам тобистона ва ҳам зимистонаро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG