Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони қочоқ


Кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз онҳо бештар аз 20 килограм маводи мухаддир мусодира кардаанд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дафтари матбуотии хадамот ба хабаргузории Интерфакси Русия иттилоъдодааст.

Дар хабар омадааст: “Дар ҷараёни расидагии пешакӣ ошкор шудааст, ки аъзои гурӯҳи қочоқчӣ ба нақша гирифтаанд, ки 20,6 килограм маводи мухаддирро дар қаламрави вилояти Самарқанд бо нархи 2,5 ҳазор доллар барои ҳар килограм ба савдо зананд”.

Кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳамчунин як сокини шаҳри Самарқандро боздошт кардаанд. Вай қочоқчиёнро аз марз гузарондаст ва дар қаламрави Узбакистон раҳнамоӣ кардааст. Ин сокини Самарқанд ҳамчунин масъули ҳамлу нақли ин миқдор маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбакистон будааст.

XS
SM
MD
LG