Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ ба Тоҷикистон меравад


Лео Ҳеллер, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ба об ва беҳдошт, бо мақсади арзёбии мушкилот ва пешрафтҳои Тоҷикистон барои таъмини мардум бо оби поки ошомиданӣ ва беҳдошт аз 4-ум то 12-уми август ба Душанбе сафар мекунад. Дар баёнияи расмии Созмони Милал, ки рӯзи 29-уми июл нашр шуд омадааст, ки Лео Ҳеллер ба масъалаи нобаробарӣ дар таъмини мардуми деҳоту шаҳр бо оби пок ва беҳдошт тамаркуз мекунад. “Зимни сафари худ, ман бо гурӯҳҳои осебпазири мардум дар мавриди дастрасӣ ба об ва беҳдошт ва ҳамчунин сифати хизматрасонӣ дар ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир ҳоҳам кард” омадааст дар ин баёния. Лео Ҳеллер дар ҷараёни сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ мулоқот мекунад ва аз натиҷаи сафараш дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гузориш медиҳад. Ба эътирофи худи мақомоти Тоҷикистон бештар аз якуним миллион нафар дар Тоҷикистон аз оби ҷӯву наҳр ва ҳавзу кӯлҳо баҳра мебаранд, ки покиза нест. Нисфи зиёди 4000 мактаби кишвар хатти лӯлаи об надоранд ва кӯдакон ночор аз оби каналу ҷӯйҳое мехӯранд, ки пур аз ангезандаҳои бемориҳои сироятист.

XS
SM
MD
LG