Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷев, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе бар асари беморӣ дар сини 74-солагӣ аз дунё даргузашт. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев дар шаҳри Душанбе доир шуд ва ҷасади ӯро дар қабристони Чимтеппаи канори пойтахт ба хок супурданд.
Дар маросими видоъ бо ин донишманд, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов, Бурҳон Раҳмон ва дигар шахсиятҳои илмиву фикрии Тоҷикистон аз Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ҳамчун олими забардаст ва муҳаққиқи пуркор ном бурданд ва даргузашти ӯро талафоти ҷуброннопазир барои илм, хусусан илми фалсафаи тоҷик унвон карданд.
Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон, 10 феврали соли 1941 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия соли 1959 шомили факултаи таърих ва филологияи (шўъбаи форсӣ) Донишгоҳи Давлатии (ҳоло Донишгоҳи давлатии Миллии) Тоҷикистон гардидаст. Донишгоҳи мазкурро соли 1964 хатм намуда, дар ҳамон сол, яъне соли 1964 ба хидмати артиши Шўравӣ даъват шудааст. Баъди ба итмом расидани хидмати аскарӣ дар моҳи августи соли 1965 муддате дар ноҳияи Колхозобод ҳамчун омўзгор дар мактаби маълумоти ҳамагонии ба номи Максим Горкий адои вазифа намудааст.
Аз моҳи декабри соли 1965 то декабри соли 1968 аспиранти шўъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Баъди фориғуттаҳсил шудан аз аспирантура соли 1971 дар мавзўи «Ҷаҳонбинии Фаридиддин Аттор» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз соли 1971 то соли 1979 ба ҳайси ходими калони илмии бахши таърихи фалсафаи шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳо ифои вазифа намуда, аз ибтидои соли 1979 то нимаи дуюми соли 1983 дар Ҷумҳурии Афғонистон кор кардааст.
Баъди бозгашт аз Афғонистон аз моҳи сентябри соли 1983 тадқиқоти илмиро дар шўъбаи фалсафа, аввал ба ҳайси ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва баъдан ҳамчун мудири шўъба давом додааст. Дар ибтидои соли 1992 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Идеологияи тасаввуфи тариқаи нақшбандия» дифоъ намудаааст. Соли 1997 узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Инчунин вазифаи академик – котиби Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.
Муаллифи бештар аз 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, китобҳои монографии «Ҷаҳонбинии Фаридиддин Аттор» (Душанбе, 1974), «Маърифатшиносии тасаввуф» (Душанбе, 1990), «Идеологияи нақшбандия» (Душанбе, 1991). «Хоҷа Аҳрор» (зиндагӣ ва осор, Душанбе, 2004), «Назарияи динӣ-сиёсии Хоҷа Аҳрор» (Душанбе, 2005) мебошад. Ў муҳаррири илмии бештар аз 8 рисолаю китобҳои монографӣ, муҳаррири масъули ҷилди дуюми осори мунтахаби Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, (Душанбе, 1996), рисолаи фалсафии Умари Хайём (Душанбе, 1999), ҷилди аввали осори Абўалӣ Ибни Сино, (Душанбе, 2005), ҷилди сеюми осори фалсафии Носири Хусрав» (Душанбе, 2003) ва «Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш» (Бо ҳаммуаллифӣ, Душанбе, 2004) буд.