Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон таъсис меёбад


Нишасти адвокатҳои тоҷик.
Нишасти адвокатҳои тоҷик.

Дар Тоҷикистон Иттиҳодияи адвокатҳо ва ё вакилони дифоъ таъсис меёбад. Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифои тоҷик рӯзи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе дар панҷ минтақаи кишвар ҷаласаҳои таъсисии Иттиҳодияи адвокатҳо баргузор шуд ва рӯзҳои наздик барои нахустин бор дар кишвар ба таври расмӣ Иттиҳодияи адвокатҳо арзи ҳастӣ мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, дар нишастҳои рӯзи шанбе намояндагони ҳама ташкилотҳои адвокатураи шаҳру навоҳии кишвар ҳузур доштаанд. Вай гуфт, ин бори нахуст аст, ки тибқи қонуни нави кишвар дар бораи адвокатҳо, ки дар моҳи марти соли равон қабул гардид, Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон таъсис дода мешавад. То кунун адвокатҳои Тоҷикистон дар ҳайати коллегияҳо ва созмонҳои алоҳида дар шаҳру навоҳӣ фаъолият мекарданд. Ин Иттиҳодия дар панҷ минтақаи Тоҷикистон -- пойтахт, вилояти Хатлон, Суғд, Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ раёсатҳои худро роҳандозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG