Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи имоми қирғиз шурӯъ шуд


Дар Қирғизистон муҳокимаи имоми яке аз масҷидҳои бузург, ки ба барангехтани адовати мазҳабӣ муттаҳам мешавад, оғоз ёфт. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи “Бир дунё” ва “Қилим шоми” гуфтанд, ки бо шурӯъи муҳокимаи Қорӣ Рашид Камолов дар додгоҳи шаҳри Ӯш рӯзи 24-уми июл тадобири амниятиро дар ин ҷо тақвият бахшидаанд. Қорӣ Рашид, яке аз рӯҳониёни мӯътабар ва имоми масҷиди Сарахсӣ дар ноҳияи Қарасуи Уш моҳи феврал бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуи “Ҳизб –ут-Таҳрир” ва даъват ба ташкили Хилофат дар Қирғизстон дастгир шуд. Ӯ мегӯяд, ки гуноҳ надорад. Боздошти Қорӣ Рашид дар Қирғизистон як дафъа сабаби тазоҳуроти ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯ шуд.

XS
SM
MD
LG