Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дифои Ҷавод Зариф аз созиши ҳастаӣ дар Маҷлис


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 21 июл дар парлумони кишвар аз созиши ҳастаӣ, ки як ҳафта пеш дар Вена миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ҳосил шуд, дифоъ кард ва онро созиши мӯътадил номид. Бар пояи ин тавофуқ, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар суханронӣ дар Маҷлиси Эрон иқрор намуд, ки ин созиш пурра ба манфиати Теҳрон нест, зеро ба гуфтаи ӯ, "ҳама гуна музокирот – доду гирифт аст”.

Сиёсатмадорони муҳофизакор ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мухолифи созиши ҳастаиянд.

Ҳанӯз маълум нест, ки вакилони Маҷлиси Эрон ба созиши ҳастаӣ раъй медиҳанд ё фақат бо баррасии он иктифо мекунанд.

Оятуллоҳ Олии Хоманеӣ, ки ҳаққи сухани ахир дар умури давлатии Эронро дорад, се рӯз пеш дар паёме ба шарафи Иди Фитр гуфт, ӯ аз сиёсатмадорон хостааст то созиши ҳастиро биомӯзанд ва бубинанд, ки дар он манфиатҳои милли Эрон то куҷо ба назар гирифта шудаанд. Раҳбари Эрон таъкид намуд, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба поймол шудани арзишҳои инқилоби исломӣ роҳ нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG