Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳан: Мусофирбарӣ ва боркашонӣ кам шудааст


Баҳром Шодиев
Баҳром Шодиев

Тибқи гузориши ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони мусофирбарӣ ва ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан кам шудааст. Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳан, 21 июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тариқи қаторҳо 198, 1 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10, 7 ҳазор мусофир камтар аст.”

Ба қавли Шодиев, “дар ин давра ҳаҷми борбарӣ 2 миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна ё 11, 3 дар сад кам мебошад. Боркашонии транзитӣ 486 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 245 ҳазор тонна ё зз, 6 тонна кам шудааст.”

Аммо ба иттилои масъулони Роҳи оҳан дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти молҳои хоҷагии халқ тариқи роҳи оҳан афзоиш ёфта, 307 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 ҳазор тонна бештар будааст.

XS
SM
MD
LG