Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон Картер ба Ховари Миёна сафар кард


Эштон Картер, вазири дифои Амрико, гуфт, созиши атомӣ бо Эрон, ки ҳафтаи гузашта ба даст омад, гузинаи иқдоми низомӣ алайҳи ин кишварро аз байн намебарад. Эштон Картер, ҳангоми сафар ба Исроил, рӯзи 19-уми июл дар дохили ҳавопаймо гуфт, “як сабаби хуб будани созиши ҳастаӣ бо Эрон ин аст, ки гузинаи иқдоми низомиро сарфи назар намекунад.” Вазири дифои Амрико барои шарҳ додани мӯҳтавои созиши атомӣ бо Эрон ба Ховари Миёна сафар кардааст ва баъди мулоқотҳо бо раҳбарони Исроил, ба Арабистони Саудӣ ва Урдун меравад. Ба гуфтаи Эштон Картер, Иёлоти Муттаҳида гузинаи низомиро “нигаҳ дошта ва пайваста беҳтар мекунад”. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил созиши атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро танқид карда ва гуфтааст, ки ин созиш монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ намешавад. Эштон Картер рӯзи 20-уми июл бо Моше Яаалон ҳамтои исроилии худ мулоқот мекунад, ки ӯ созиши атомӣ бо Эронро “хатои таърихӣ” номидааст.

XS
SM
MD
LG