Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши ҳастаӣ ба Конгресси ИМА ироа шуд


Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 19 июл созиш оид ба барномаи ҳастаии Эронро, ки аз сӯи панҷ панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон имзо шудааст, ба Конгресс фиристод. Акнун қонунбарорҳои ИМА шаст рӯз вақт доранд, ки ин санадро омӯзанд ва тасмими худро эълон кунанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат бо телевизиони СNN гуфт, ки агар Конгресс ин созмшро тасвиб накунад, ба ҳама гуна музокирот бо Эрон хотима гузошта мешавад.

Рӯзи шанбе раисиҷумҳур Барак Обама изҳор намуд, ки созиши ҳастаӣ Эронро аз имкони соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан маҳрум месозад.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху, дар навбати худ, аз Конгресси ИМА хост, ки созишро напазирад ва аз Эрон гузаштҳои бештарро талаб кунад.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG