Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 12 сокини осоишта дар Cурия


Бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои ҷангии нерзҳои ҳукумати Сурия ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар канори шаҳри Димишқ дасти кам 12 тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 19 июл хабар дод, ки ин ҳафта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангӣ дасти кам 82 сокини осоишта кушта шудаанд.

Миёни қурбониёни ҳамлаи ахир дар канори Димишқ се зан ва ду кӯдак ҳам ҳастанд. Дар ин забраи ҳавоӣ, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои ин гурӯҳ, чархболҳои низомии ҳукуматӣ минтақаи Забаданӣ дар марз бо Лубнонро ҳам, ки зери назорати ошӯбгарон аст, бомбборон карданд. Забаданӣ, ки дар 47 километрии шимолу ғарби Димишқ ҷойгир аст ва минтақаи стратегӣ барои гурӯҳи лубнонии Ҳизбуллоҳ маҳсуб мешавад, ду сол боз дар муҳосира қарор дорад.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки чаҳор сол пеш баъд аз эътирозҳои густурда алайҳи сиёсати раисиҷумҳур Башор Асад шурӯъ шуд, беш аз 220 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG