Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Путин барои Эрон ташаккур гуфтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои русаш Владимир Путин барои “нақши муҳим”-и Русия дар ниҳоӣ шудани муомилаи ҳастаӣ бо Эрон изҳори сипос кардааст. Дар ин бораи Кохи Сафед рӯзи 15 июл хабар дод. Обаvа рӯзи 14 июл низ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “New York Times” гуфт, ин муомила бидуни Русия шояд ба даст намеомад. Русия зоҳиран Теҳронро розӣ кунондааст, ки муомилаи камтар аз ончиро ки мехоҳад, бипазирад. Обама гуфтааст, ки “Русия кумак кард. Ростӣ, бо дарназардошти ихтилофоте ки ҳоло мо бо Русия бар сари Украина дорем, ман ба ин бовар надоштам.” Обама ва Путин дар ин тамоси телефонӣ ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани талошҳо дар амри иҷрои муомила бо Теҳрон тавофуқ карда, ҷиҳати ҳамкорӣ дар масоили дигар, аз ҷумла роҷеъ ба ҷанги Сурия низ изҳори омодагӣ кардаанд. Кремл мегӯяд, ду раҳбар изҳори итминон кардаанд, ки муомила бо Эрон “пешгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаиро тақвият дода, таниш дар Ховари Миёнаро коҳиш медиҳад.”

XS
SM
MD
LG