Намози иди Рамазон дар шаҳру вилояти Маскав имсол рӯзи ҷумъа, 17 июл дар 43 макон баргузор хоҳад шуд. Муфтиёти мусулмононони ин минтақа гуфтааст, соли гузашта дар намози ид мардуми зиёде ҷамъ шуд, ки саҳни масҷидҳо ҳамаро гунҷонда натавонист ва ба ин далел имсол дар шаҳри Маскав бар иловаи 4 масҷид барои баргузории намози иди Фитр дар 4 макони дигар низ хаймаҳои махсус задаанд. Дар манотиқи мухталифи вилояти Маскав низ намоиз ид дар 35 макон доир хоҳад шуд. Дар соли 2014 дар шаҳру вилояти Маскав намоиз ид дар 36 макон доир шуда буд. Намози ид рӯзи ҷумъа, бино ба эълони муфтиёт, дар масҷиди Поклонная гора дар пойтахти Русия соати панҷи субҳ, вале дар масҷиди таърихии Маскав соати 9 даъват шудааст. Дар масҷидҳои вилояти Маскав намози ид байни соатҳои 7 то 8 доир мешавад.
Соли гузашта дар намози ид дар шаҳри Маскав, ба ҳисоби пулис, тақрибан 150 ҳазор нафар ширкат кардаанд.