Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари нави ал Қоидаи Яман интихоб шуд


Марде, ки аз вай Қосим ал Раймӣ ном мебаранд
Марде, ки аз вай Қосим ал Раймӣ ном мебаранд

Раҳбари нави шабакаи Ал Қоидаи Яман дар нахустин суханрониаш 9 июл аз аъзои ин шабака даъват кард, ки ба Амрико ҳамла кунанд. Дар ин бора гурӯҳи нозири SITE хабар додааст.

Қосим ал Раймӣ баъд аз қатли Носир ал Вуҳайшӣ дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико раҳбариро дар нимҷазираи Араб дар ихтиёр гирифт. Вуҳайшӣ моҳи гузашта кушта шуд.

Куштори вай бохти бузурги гурӯҳи тундравҳои Яман арзёбӣ гардид. Амрико шабакаи ямании ал Қоидаро хатарноктарин гурӯҳи ал Қоида медонист. Раймӣ дар суханронии худ Вуҳайширо ситоиш кард ва садоқати худро ба Аймон ал Завоҳирӣ-раҳбари ал Қоида баён дошт.

XS
SM
MD
LG