Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи чаҳоршанбе ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узки Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба шаҳри Уфаи Русия рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар раиси ҷумҳурро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи менамоянд. Нишасти сарои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 8-9 дар шаҳри Уфа баргузор мешавад. Дар ҳошияи ин нишаст, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сарони бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар назар аст. Муқовимат бо густариши фаъолияти “Давлати исломӣ”, таҳдиди ин ва дигар гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар меҳвари нишасти сарони ин созмон дар шаҳри Уфаи Русия хоҳад буд. Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон Қирғизистон ва Чин аъзои ин созмон буда Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Афғонистон ба ҳайси нозир дар нишастҳои ин Созмон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG