Ҳукумати Афғонистон як ҳайатро барои музокироти сулҳ бо Толибон ба Покистон фиристодаанд. Мақомоти афғон рӯзи 7 июл ба Радиои Машъал гуфтанд, ки муовини вазири хориҷаи Афғонистон Ҳикмат Халил Карзай ва намояндаи Толибон Мулло Ҷалил барои баҳси роҳҳои сулҳу оштии Афғонистон дар Исломобод қарор доранд. Ин мулоқот қадами дигаре ба сӯи раванди расмии сулҳ байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аст, ки дар соли 2001 дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико аз қудрат барандохта шуд. Аммо оғози музокираҳо дар ҳолест ки амалиёти имсолаи Толибон дар нуқтаи авҷаш қарор дошта, рӯзи 7 июл ҷангиёни ин гурӯҳ ба як бино ва корвони НАТО дар Кобул ҳамла карданд.