Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амири бомбгузорони маргталаб"-ро куштанд


Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ, як раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ маъруф бо номи “амири бомбгузорони маргталаб” кушта шудааст. Тариқ бин Таҳар ал–Авнӣ ал-Ҳарзӣ як шаҳрванди Тунис масъули ҷалби хориҷиён барои анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар Ироқу Сурия будааст. Як мақоми расмии Амрико рӯзи 2-уми июл гуфт, ки Тариқ Ҳарзӣ ҳамроҳи як ҷангҷӯи дигар дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишин дар Сурия кушта шудааст. Ба қавли Ҷефф Девис, сухангӯи вазорати дифои Амрико, Ҳарзиро рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Шадоддӣ нобуд карданд. Ба гуфтаи ӯ, Тариқ Ҳарзӣ масъули бурдану овардани силоҳу ҷангҷӯён аз Либия ба Сурия буд ва дар ҳаракати ҷангҷӯён дар марзи Сурияву Ироқ кӯмак мекард. Ба гуфтаи Ҷефф Девис, маҳви “амири бомбгузорони маргталаб” тавоноии гурӯҳи Давлати исломиро дар бурдану овардани ҷангҷӯён дар минтақа суст мекунад.

XS
SM
MD
LG