Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари бахши покистонии "Ал-Қоида" кушта шуд


Як мақоми расмии Покистон мегӯяд, ки раҳбари шабакаи покистонии Ал Қоида дар амалиёти пулис як ҷо бо чанд шӯришӣ дар Панҷоб кушта шудаанд. Шунҷа Хонзода-вазири дохилаи Панҷоб дар нишасти хабарии рӯзи 1 июл аз ин раҳбари Ал Қоида танҳо “Абдолӣ” ном бурд.

Дар ин амалиёт дар хонае дар шаҳраки Фирузаволо 2 шӯришии дигар ҷароҳат бардоштаанд ва боздошт шудаанд. Пулис мегӯяд, дар ҷараёни ин амамлиёт амбори бузурги аслиҳа кашф шудааст ва аз оназ ҷумла мусалсалҳои AK-47s, рокетандозҳо, камарбандҳои тарканда ба даст омадааст.

Хонзода гуфт, ҳамаи шӯришиён дар як урдугоҳи Ал Қоида дар Афғонистон 5 моҳ машқу омӯзиш дида будаанд. Ба гуфтаи вай, ин шӯришиён ҳамла ба дафтари Ожонси кашфи ғайринизомии Покистонро ба нақша гирифта будаанд.

XS
SM
MD
LG