Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Додгоҳ ҳукми қатли 4 нафарро ботил кард


Саҳнае аз куштори Фархунда, акс аз бойгонӣ
Саҳнае аз куштори Фархунда, акс аз бойгонӣ

Додгоҳи таҷдиди назари Афғонистон ҳукми қатли чаҳор нафарро рад кард, ки дар куштори гурӯҳии Фархунда дар Кобул ширкат доштанд. Ин куштор моҳи марти соли ҷорӣ рух дода буд. Фархунда баъд аз тӯҳмат дар бораи ин ки гӯё Қуръонро оташ задааст, бераҳмона ба қатл расонда шуд.

1 июл дар мурофиаи додгоҳии паси дарҳои баста додгоҳи таҷдиди назар ҳукми қатлро баргардонд ва ин чаҳор нафарро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин посбони як макони муқаддаси мазҳабиро бахшид. Дар ҳамин ҷо Фархунда мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Посбон бо номи Умрон ба гурӯҳи ба хашмомада далел меовард, ки гӯё Фархунда беадабӣ кардааст. Ин посбон низ 16 сол ҳукми зиндон гирифт.

Гурӯҳи ба хашмомада 19 март дар Кобул ба Фархундаи 27 сола ҳамла кард ва дар рӯзи равшан баъд аз лату кӯб дар соҳи рӯдхонаи Кобул ҷасади вайро оташ заданд.

XS
SM
MD
LG