Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Сипрас ба Иттиҳодияи Аврупо


Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, рӯзи 1 июл ба қарздиҳандаҳои байнулмилалӣ пешниҳоди нав ироа кард. Дар як нома ӯ хостори имзои созиши наве шудааст, ки масъалаи сармоягузории Юнонро тавассути механизми эътидол дар Аврупо ҳамоҳанг кунад.

Бархе аз мансабдорони аврупоӣ гуфтанд, ки ин пешниҳод ғайри қобили қабул аст ва иҷрои он то раъйдиии рӯзи 5 июл дар Юнон ғайримумкин аст.
Соати 12 шаби cешанбе ба чоршанбе мӯҳлати пардохти ҳатмии қарзи Юнон ба Сандуқи байнулмилалии пул дар ҳаҷми 1 миллиарду 550 миллионмевро сипарӣ шуд.

Ин нахустин бор дар таърихи кори Сандуқи байнулмилали пул аст, ки яке аз 34 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон натавонист қарзашро сари вақт пардохт кунад

Охири ҳафтаи гузашта парлумони Юнон пешниҳоди нахуствазир Алексис Сипрас дар бораи рӯзи 5 июл баргузор кардани ҳамапурсӣ ё референдум оид ба сарнавишти қарзи кишварро пазируфт. Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул аз Афина хостанд, ки барои дарёфти бастаи нави қарзҳо андозро боло барад ва нафақаву маоши мардумро кам кунад. Ҳукумати Юнон бо ин пешниҳод розӣ нест.

Созиш дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи 30 июн поён ёфт.

XS
SM
MD
LG