Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Хоҷағори ҳаммарз бо Тоҷикистон


Tajikistan-- Darvoz region,Tajik-Afghan border, 30Jul2010
Tajikistan-- Darvoz region,Tajik-Afghan border, 30Jul2010

Неруҳои амниятии афғон дар вулусволии Хоҷағори вилояти Тахор, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистонр ҳаммарз мебошад, амалиёти низомиро барои берун кардани Толибон аз ин минтақа оғоз кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои афғонӣ аз қавли масъулони маҳалӣ дар ин минтақа, ин амалиёт бомдоди рӯзи сешанбе оғоз шуда ва даргириҳои миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии он кишвар ҳамакнун идома дорад. Умар Умар, раиси ноҳияи Хоҷағор гуфтааст, ки ҳоло чанд деҳа аз Толибон поксозӣ шуда ва нерӯҳои амниятии афғон аз тарафи Дашти Арчии Қундуз ба самти Хоҷағор дар ҳаракат мебошанд. Толибон чанд вақт қабл ноҳияи Даштӣ Арчӣ дар вилояти Қундузро ба тасарруфи худ дароварда ва ба дунболи он, ба минтақаи Хоҷағор ҳамла бурданд ва қисматҳое аз вулусволиро ба тасарруф дароварданд. Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, аз чанд моҳ ба ин тараф шоҳиди даргириҳои сангин миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG