Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми сохтмони пул дар марзи Овчӣ - Қалъача бо Лайлак


То чанд рӯзи дигар дар вилояти Бодканди Қирғизистон пули Кулунду - Мақсат, ки ду минтақаи ин кишварро бидуни убури қаламрави рустои Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад, доир мешавад. Ҳокими ноҳияи Лайлак Тилебердӣ Ориопв ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Қирғизистон бунёди 32 метр қисмати худро анҷом додааст ва танҳо 18 метри ҷониби Тоҷикистон монда, ки сохтмонаш низ ба зудӣ ба поён мерасад. Интизор меравад, тамоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи июл поён дода шавад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули Кулунду - Мақсат, ба гуфтаи ҳокими Лайлак, ба тақрибан 50 000 сокини қисматҳои марзии ин ноҳия имкон медиҳад, бидуни мамониат ба гӯшаҳои дигари минтақа равуо кунанд.

Дар соли 2014 дар як даргирии мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар Овчӣ-Қалъача як афсари тоҷик кушта ва сеи дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG