Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Камерон аз имкони ҳамлаҳои ДОИШ


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон

Дэвид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, ки тундравҳои «Давлати Исломӣ» ба нақша гирифтаанд, ки дар Британия ва ҳар ҷои дигар аъмоли даҳшатовари террористӣ анҷом диҳанд.

Вай ин нуктаро дар мусоҳибае бо Бӣ Бӣ Сӣ 29 июн изҳор дошт ва гуфт, “то даме, ки ДОИШ вуҷуд дорад, мо дар хатар хоҳем буд”.

Ин суханони Камерон дар ҳоле садо дод, ки мардони мусаллаҳ даҳҳо нафар сайёҳон, аз ҷумла 30 нафар шаҳрванди Британияро дар Туннис ба қатл расонданд.

Нахуствазири Британия гуфт, аз соли 2005 ба ин сӯ, яъне аз замони бамгузорӣ дар метрои Лондон ин бадтарин ҳамла ба шаҳрвандони Британия мебошад.

XS
SM
MD
LG