Юнон дарҳоро ба рӯи ширкаткунандагони музокироти оянда дар робита ба мушкили бӯҳронии қарзии Афина баст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, раҳбари гурӯҳи музокиракунанда, вазири молияи Ҳулланд Йерун Дейсселблум ба тасмими нахуствазири Юнон барои баргузории раъйпурсӣ ҳамин гуна вокуниш кард.
Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, шоми ҷумъа дар як паёми телевизионӣ ба мардум хабар дод, ки рӯзи 5 июл дар кишвар дар робита ба шартҳои қарздиҳандаҳои байнулмилалӣ барои идомаи кӯмаки молиявӣ ба Юнон раъйдиҳӣ баргузор мешавад. Мардум бояд ба он суол посух бигӯянд, ки Юнон ба ин шартҳо рзӣ шавад ё хайр.
Худи Cипрас пешниҳоди ниҳоии ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро “зарбулаҷал”-е номид, ки аз Юнон қабули чораҳои барояшон миёншикан – боло бурдани андоз ва коҳиши нафақаву маоши мардумро тақозо дорад.
Чанд соат пеш аз паёми Сипрас кишвару ниҳодҳои қарздиҳанда дар як музокирот дар Брюссел пешниҳод карданд, ки дар ивази ризояти Афина ба баргузории ислоҳот сармоягузории Юнон панҷ моҳи дигар тамдид шавад. Аммо Афина эълом дошт, ки андозро афзоиш намедиҳад ва нафақаву маоши мардумро ҳам кам карданӣ нест.
Созиш дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи сешанбеи оянда поён меёбад. Агар ин санад тамдид ё созиши нав имзо нашавад, Юнон аз дарёфти охирин бастаи кӯмаки молиявӣ маҳрум мемонад ва ҳафтаҳои наздик маҷбур мешавад, ки дар бораи дефолт ё варшикастагӣ хабар диҳад.