Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости эътирозгарон қабул нашуд


Ҳовик Абраҳамиён
Ҳовик Абраҳамиён

Ҳукумати Арманистон дархости эътирозгаронро дар бораи даст кашидан аз боло бурдани нархи истифодаи барқ қабул накард ва бад-ин тариқ тазоҳуроти эътирозӣ вориди ҳафтаи дуввум шуд.

Ҳовик Абраҳамиён-нахуствазири ин кишвар дархости эътирозгаронро дар бораи 16 дарсад боло набурдани нархи истифодаи барқ нодида гирифт ва гуфт, ҳукумат бояд амнияти энержии кишварро таъмин кунад.

Абраҳамиён ҳамчунин аз эътирозгарон хост, ки яке аз роҳҳои аслии маркази шаҳрро боз кунанд.

Садҳо нафар дар назди бинои Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Ереван навбатдорӣ мекунанд ва онҳо 25 июн роҳҳои нақлиётии пур рафту омадро дар маркази шаҳр бастанд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар рағми даъватҳои пулис барои пароканда шудан, 9 000 нафар эътирозгарон майдонро ишғол карданд. Хашми мардумӣ барои он боло гирифтааст, ки аз 1 август ҳукумат мехоҳад нархи истифодаи барқро бештар аз 16 дарсад боло бибарад.

Арманистон кишвари Шӯравии пешин 3,2 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия осеб дидааст. Вашингтону Брусел ва САҲА аз эътирозҳои хушунатомез изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG