Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ дар мавриди "Самак" ва Абдуллоев


Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукм кард, ки Бурҳон Абдуллоев, раиси зиндонии бозори “Ином” ва рӯзномаи “Самак” ба Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистон барои паст задани эътибору шаъну шарафаш 75 ҳазор сомонӣ ҷуброн диҳанд ва ҳафтаномаи “Самак” доир ба мақолаҳои навиштаи худ дар зарфи як моҳ раддия ба нашр расонад.​ Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев 26 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи Хатлон дар ҳалномаи худ зикр кардааст, ки аз ҳисоби Бурҳон Абдуллоев 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби рӯзномаи «Самак» 15 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ ба фоидаи Раҳматулло Саъдуллоев рӯёнида шавад. Ҷаноби Ёров мегӯяд, ки дар нисбати ҳалномаи додгоҳи Хатлон шикояти кассатсионӣ мебарад, зеро ба қавли ӯ, ин ҳалнома беасос мебошад. Раҳматулло Саъдуллоев - додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи феврали соли равон аз болои Бурҳон Абдуллоев, раҳбари боздоштшудаи бозори “Ином” ва, инчунин, нашрияи “Самак” шикоят карда, 150 000 сомонӣ ҷуброн хоста буд. Ин бародари дувуми ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо Бурҳон Абдуллоев вориди баҳси додгоҳӣ шудааст. Қаблан, Муҳибулло Саъдуллоев бар сари тақсими бозори "Ином" дар Шаҳритус бо Абдуллоев баҳси тӯлонӣ дошт, ки баъд аз боздошти дувумӣ дар моҳи декабри соли 2014 "хомӯш" гардидааст. ​Ҷасур Абдуллоев -- сардабири “Самак”, ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба зани президент дар бораи баҳси бозори “Ином” муроҷиат кард, доир ба ин масъала як матлаб ба нашр расид. Дар он ҷо Бурҳон Абдуллоев аз забони Раҳматулло Саъдуллоев гуфт, ки гӯиё вай президенти Хатлон асту Эмомалӣ Раҳмон - президенти Душанбе.” Мусоҳиби мо афзуд, “мо ҳатто пешниҳод кардем, метавонед раддия нависед ва шарҳ диҳед, ки дар ҳолати эҳсос ин ҳарфҳоро задед ва мо дар саҳифаи “Самак” чоп мекунем, вале ҳеч вокунише нишон надоданд”,-- мегӯяд Ҷасур Абдуллоев.

XS
SM
MD
LG