Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатнасури 360 наврас ва арӯсии 55 ҷуфт дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе ба муносибати таҷлили 18-умин солгарди “Рўзи ваҳдати миллӣ” тўйи хатнасури 360 наврас ва базми арӯсиву домодии 55 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманди пойтахт баргузор мекунад. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи чоршанбеи 24 июн зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “маросими туйи хатнасури 360 наврас ва тӯи арӯсиву домодии 55 ҷуфти ҷавон шоми фардо, 25 июн дар Муассисаи давлати «Боғи пойтахт» тибқи анъаноти шаҳрдорӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ба ин муносибат аз нимаи дуюми фардо 25-уми июн “Боғи пойтахт” ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тўйдорон фаъол карда мешавад, ки дар ин маросим Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ширкат карда ва соҳибҷашнҳоро бо тӯҳфаву мукофотпулиҳо қадр хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG