Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 7-ум афтода ҷон дод


Як кӯдаки шашсолаи тоҷик дар ҷануби шаҳри Маскав аз ошёнаи ҳафтум сарозер шуда, ҷон додааст. Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, ин ҳодиса субҳи 21 июн дар кӯчаи Кировоградскийи пойтахти Русия рух додааст. Маъмурони пулис гуфтаанд, ин кӯдак шашсола буда, аз Тоҷикистон аст ва аз беаҳамиятии волидонаш аз тирезаи хонаашон ба замин афтодааст.

XS
SM
MD
LG