Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри санадҳои махфии Саудӣ дар Викиликс


Вебсайти Викиликс ба нашри 500 ҳазор мукотиботи дипломатии Арабистони Саудӣ шурӯъ кардааст, айни коре, ки 5 сол пеш бо мукотиботи махфии дипломатии вазорати умури хориҷии Амрико кард. Намояндагони вебсайт рӯзи 19-уми июн гуфтанд, ки то кунун тақрибан 60 ҳазор мукотибаи маҳрамонаи сафоратҳои Арабистони Саудӣ ва дигар ниҳодҳои иттилоооти ин кишварро дар вебсайташон нашр кардаанд. Аксари ин санадҳо ба забони арабӣ ҳастанд ва аслӣ будани онҳоро ба зудӣ маълум кардан осон нест. Вале Кристин Ҳрафсон, сухангӯи Викиликс гуфт, ҳамаи санадҳо аслианд. Дар болои аксари номаҳо, “Шоҳигарии Арабистони Саудӣ” ва ё “Вазорати умури хориҷӣ” навишта шудааст. Сафорати Саудӣ дар Амрико ба дархостҳо барои шарҳи қазия посух надодааст. Мукотиботи маҳрамонаи Арабистони Саудӣ се соли расо баъди он нашр мешавад, Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликс, ки хатари зиндон ба ӯ таҳдид мекунад, дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд ва онҷо зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG