Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хадамоти амнияти Украина барканор шуд


Валентин Наливайченко
Валентин Наливайченко

Порламони Украина Валентин Наливайченко-раҳбари Хадамоти амнияти ин кишварро бо тасвиби қароре аз мақом барканор кард. Аз 450 намояндаи Верховная Рада 248 нафар аз дархости Петро Порошенко-раиси ҷумҳур дар бораи барканории Наливайченко ҷонибдорӣ карданд.

Наливайченко 49 сол дорад ва се моҳ пеш аз интихоби Порошенко ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ вай раҳбари Хадамоти амниятии Украина таин шуда буд. Вай дар ин муддат ҳеҷ гоҳ аз Порошенко ҷонибдорӣ накардааст.

Матбуоти Украина гузориш додааст, ки дар ин рӯзҳо Порошенко тасмими гирифтааст, ки Наливайченкоро раиси Хадамоти кашфи хориҷӣ таин кунад. Вале вай ин мақомро рад кард ва тасмим гирифт, ки ба фаъолияти сиёсӣ машғул мешавад. Вайро барои ҳимоят аз ришвахорӣ ва кашфи роҳҳои ба дастовардани пулҳои ғайриқонунӣ як ҷо бо кормандонаш муттаҳам медонанд.

XS
SM
MD
LG