Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳрими воридоти хӯроквориро идома медиҳад


Алексей Улюкаев
Алексей Улюкаев

Алексей Улюкаев-вазири рушди иқтисодии Русия гуфтааст, ки Маскав таҳрими фаровардаҳои кишоварзӣ аз Иттиҳодияи Аврупоро идома медиҳад, агар ин иттиҳодия он гуна, ки интизор меравад, таҳримҳои худро бар зидди Русия давом диҳад.

Улюкаев ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ин таҳримҳо ҷавобе ба таҳримҳои зидди Русия хоҳад буд. Ба суоле дар ин бора, ки оё Русия ба воридоти фаровардаҳои дигари Аврупо таҳрим ҷорӣ хоҳад кард, посух дод, ки “чунин ба назар намерасад”.

Соли гузашта Русия воридоти ҳаррӯзаи гӯшту моҳӣ ва меваву сабзиҷотро аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мамнуъ эълон карда буд ва он ҷавобе ба таҳримҳои Ғарб барои тасарруфи Қрим буд.

Интизор меравад, ки 22 июн Иттиҳодияи Аврупо барои шаш моҳи дигар таҳримҳои худро бар зидди Русия тамдид кунад. Ин таҳримҳо ба бахшҳои энерживу молӣ ва низомии Русия зарба хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG