Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори соҳибкори тоҷик дар Чита


Ба гузориши раиси "Иттиҳоди халқҳои Тоҷикистон" дар Чита, Абдуғаффор Раҳимов рӯзи 15 июн як соҳибкори тоҷик Ниёзалӣ Нуралиев дар бешазоре берун аз ин шаҳр бо чаҳор зарби гулӯла кушта шудааст. Ниёзалии 44-сола аз соҳибкорони муваффақ ва соҳиби қаҳвахонаи «Сытый папа»-и шаҳри Чита будааст. Ба гуфтаи Раҳимов, қатли идома маҳви диаспораи тоҷик дар Чита аст ва пеш аз ин, рӯзи 10 июн соҳибкори дигари комёби тоҷик Хуршед Ибодов бенишон шуда, фурӯшандаи тоҷик дар кӯчаи Токмакова кушта шуд ва бо таркиши норинҷак ду соҳибкори дигари тоҷик ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG