Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри сафед як нафарро дар Тифлис кушт


Як бабри сафед, ки аз боғи ҳайвоноти пойтахти Гурҷистон фирор кард, мардеро дар шаҳри Тифлис куштааст. Ба гуфтаи маъмурони пулис, ин мард дар анборе дар наздикии боғи ҳайвонот ба чанги бабри сафед афтодааст. Баъди ин ҳамла маъмурони пулис бабрро куштаанд. Селу обхезии рӯзи 14-уми июн дар Тифлис дасти кам 14 нафарро кушт ва кӯчаҳои марказии шаҳрро вайрон кард. Шаш нафари дигар ҳанӯз ҳам бенишон ҳастанд. Сел боғи ҳайвоноти Тифлисро низ вайрон кард ва садҳо ҷонварон ба шумули шеру бабру палангу гург аз қафасҳояшон гурехтанд. Мақомот рӯзи 16-уми июн гуфтанд, ки мурдаҳои ҳамаи бабру палангҳо бенишоншударо ёфтанд ба истиснои як юзпаланг, ки ба эҳтимоли зиёд он ҳам дар натиҷаи сел ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG