Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон маъракаи расмии муборизаи номзадиро оғоз кард


13 июн, Нию Йорк
13 июн, Нию Йорк

Ҳилларӣ Клинтон ба таври расмӣ маъракаи пеш аз интихоботии худро оғоз кард ва талош дорад, ки номзадии худро аз Ҳизби Демократ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешбарӣ кунад.

Ҳилларӣ Клинтон, ки дар гузашта хонуми аввали Амрико ва вазири корҳои хориҷаи ин кишвар буд, зимни суханони худ дар Нию Йорк хитоб ба ҳазорон нафар ҷонибдоронаш гуфт, ки шукуфоӣ бояд ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар дахл дошта бошад, на танҳо ба раҳбарону руасои ширкатҳои бузург.

Вай хостори назорат бар бозори пул, ислоҳоти андоз, пардохти баробари ҳақи кор ба занону мардоне, ки кори яксонро анҷом медиҳанд, таълими умумии томактабӣ ва ҳамчунин манъи таҳқири ҳамҷинсгароён ва хонаводаҳои онҳо шуд.

Вай бахши камтари суханронии худро ба сиёсати кунунии Амрико бахшид ва зарурати таҳкими амнияти Амрикоро таъкид кард.

XS
SM
MD
LG