Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тюмен зани қазоқро аз гаравгонӣ раҳо карданд


Дар Тюмени Русия кормандони пулис як занро аз гаравгонии одамрубоён раҳо карданд. Ин зан шаҳрванди Қазоқистон будааст ва вайро ду нафар шаҳрвандони Узбакистон дар гаравгонӣ нигоҳ медоштанд ва барои раҳоии вай пул мехостанд.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии раёсати тафтишотии минтақа, шоми 11 июн аз шаҳри Остонаи Қакзоқистон духтаре ба раёсати корҳои дохилаи вилояти Тюмен занг задааст ва хабар додааст, ки модари вайро рабудаанд ва барои раҳоиаш 700 ҳазор рубли русӣ талаб доранд.

Дар натиҷа кормандони интизомӣ 12 июн амалиёти вижа анҷом доданд ва ду нафар шаҳрвандони Узбакистонро боздошт ва шаҳрванди 59 солаи Қазоқистонро аз гаравгонӣ раҳо карданд.

Ин зан ба бозрасон ҳикоят кардааст, ки моҳи май бо яке аз ин одамрабоён ошно шудааст ва ба вай гуфтааст, ки аз кораш даромади хубе дорад. Баъд аз он дар сари ин одам фикре пайдо шудааст, ки ин занро бирабоянд ва барои раҳоии вай пул бихоҳанд.

XS
SM
MD
LG