Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 шикорчӣ дар марз бо Тоҷикистон


Марзбонҳои Қирғизистон дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон се шикорчиро дастгир ва силоҳи ғайриқонунии яке аз онҳоро мусодира кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 11 июн хабар дод, ки ин шикорчиён шаҳрвандони худи Қирғизистон буда, дар як минтақаи мамнӯи марзӣ дар маҳалли Ҷақурут дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд шикор мекарданд. Ҳангоми боздошт маълум шуд, ки камони шикории яке аз онҳо расман сабти ном нашудааст. Соҳиби силоҳи ғайриқонуниро ба мақомоти умури дохила супурдаанд. Ду шикорчии дигар бо ҷазои маъмурӣ халос шудаанд.

Қирғизистон бо Тоҷикистон қариб 908 километр марзи мустақим дорад, ки то имрӯз танҳо 519 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG