Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хостори мубориза бо тундгароӣ шуд


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон даъват кард, ки барои мубориза бо тундгароии мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон талошҳои якҷоя ба харҷ дода шавад.

Вай зимни суханронии худ дар Анҷумани 5 мазҳаби ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар Остона 10 июн гуфт, ки “тундгароиро наметавонанд бо арзишҳои исломӣ сафед кунанд”.

Назарбоев ҳамчунин даъват кард, ки ба ҳамаи “муноқишаҳои низомӣ” хотима дода шавад. Вай афзуд усули маҷбурии ҳалли ҳар гуна ихтилофоти сисёсӣ бояд қотеъона рад шавад.

Назарбоев соли 2003 Анҷумани мазҳабҳои ҷаҳон ва суннатиро ташкил дод, то эътибори Қазоқистонро чун кишвари навгаро ва пурмадоро боло бибарад.

Дар ин анҷуман раҳбарони ҳизбҳои сисёсӣ, раҳбарони мазҳабӣ ва донишмандон аз саросари ҷаҳон гирд омадаанд. Имсол дар ин анҷуман Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ, Ирина Бокова-Дабири куллли ЮНЕСКО, Ламберто Заннир Дабири кулли САҲА ва Абдуллоҳи 2-шоҳи Урдун ва Саулӣ Ниинисто-раиси ҷумҳури Финландия ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG