Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи "тақдирсоз"-и парлумонӣ дар Туркия


Таркиш дар Диёрбоқир
Таркиш дар Диёрбоқир

Дар Туркия интихоботи парлумоние ҷараён дорад, ки мушкилтарин дар даҳсолаи ахир арзёбӣ мешавад. Аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи 7 июн маълум хоҳад шуд, ки ҳизби “Адолат ва тараққиёт”-и раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон то куҷо имкони соҳиб шудан ба курсиҳои бештари парлумон ва вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ дар робита ба афзоиши ваколатҳои раисиҷумҳурро дорад.

Дар интихоботи парлумонии Туркия 20 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд ва дар ин маърака бояд 550 узви парлумон интихоб шаванд. Беш аз 53 миллион шаҳрвандони Туркия ҳаққи раъйдиҳӣ доранд.

Ба гуфтаи нозирон, пирӯзии ҳизби ҳоким аз он бастагӣ дорад, ки ҳизби курдҳо – Ҳизби халқӣ-демократӣ то куҷо аз пуштибонии мардум бархурдор мешавад. Назарпурсиҳо дар арафаи интихобот нишон доданд, ки ин ҳизб шояд аз садди даҳфоизаи муқарраршуда убур накунад.

Ду рӯз пеш аз интихобот дар ҷараёни маъракаи интихоботии ин ҳизби курдгаро дар шаҳри Биёрбоқир таркиш рӯй дод, ки бар асари он ду нафар кушта ва 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки ҳадаф аз таркиш – доғдор кардани интихобот буд. Рӯзи 5 июн чанд ҳазор нафар дар як намоиши эътирозӣ бо парчамҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳозир шуда, дар таркиш ҳизби “Адолат ва тараққиёт”-ро айбдор намуданд.

XS
SM
MD
LG