Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Скат" аз сӯи "Патриот" нобуд карда шуд


Арабистони Саъудӣ мегӯяд, ки субҳи рӯзи 6 июн як мушаки балластикии аз сӯи ошӯбгарон аз қаламрави Яман ба кишвар партобшударо нобуд сохтааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии Арабистони Саъудӣ, ин мушаки “Скат” аз сӯи таҷҳизоти зиддимушакии “Патриот” дар наздикиҳои шаҳри Хамис-Мушаит, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, хунсо шудааст. Дар бораи қурбониён дар ин ҳамла иттилоъе мавҷуд нест.

Мақомоти саъудӣ дар ин ҳамла шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳусиро, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, айбдор карданд.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ 26 март, баъд аз фирори раисиҷумҳури Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ аз кишвар ба думболи ишғоли пойтахт ва шаҳрҳои бузург аз сӯи ҳусиҳо, зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ин шибҳанизомиёнро шурӯъ кард. Як ҳадафи зарбаҳои ҳавоӣ аз байн бурдани анборҳои махфии мушакҳои балластикӣ дар кишвар буд.

Ба иттилои СММ, бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилоф беш аз ҳазор сокини осоиштаи Яман кушта шуда, беш аз як миллион нафар макони зисти худро тарк намудаанд.

XS
SM
MD
LG