Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу


Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Амнияти Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳамоҳангии фаъолияти нируҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон иртибот дорад. Дар ин бора Сергей Шойгу-вазири дифои Русия дар Душанбе изҳори назар кардааст. Шойгу ба зарурати боло бурдани омодагии муҳорибавии артиши Тоҷикистон ва пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон таъкид кардааст.

Шойгу дар мулоқот бо Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон нируҳои ин ду кишвар бояд ба ҳар навъ ранг гирифтани вазъ, аз ҷумла ба бад шудани вазъ омода бошанд.

Дар ин бора хабаргузориҳои Русия аз мулоқоти ду ҷониб гузориш додаанд. Шойгу гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши низомӣ омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад. Вай гуфтааст, ҳоло дар донишгоҳҳои низомии Русия 482 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG