Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи алоқаи ҷинсии як тоҷик бо духтари 13-сола


Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Доғистони Русия бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтари 13-сола ба додгоҳ кашонда мешавад. Кумитаи тафтишоти Русия дар Ҷумҳурии Доғистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки таҳқиқи ин қазия анҷом ёфта, парвандаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба додгоҳ ирсол шудааст. Тафтишот мегӯяд, ин мард шаби 9 марти соли равон як духтари 13-соларо ба ҳуҷрааш дар меҳмонхонае дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон оварда, бо вуҷуди онки ҳамагӣ 13 сол доштани духтарро медонист, бо вай алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ҳоло ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноии Русия (алоқаи ҷинсӣ бо афроди зери синни 14) айбдор мешавад. Ин банди қонун барои чунин амал ҳамчун ҷазо аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG