Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ тангаҳои нав мебарорад


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар дод, ки бо қарораш аз 28 май, тангаҳои филизии 5,10, 20 ва 50-дирамии барориши соли 2015 ба муомилот бароварда мешавад. Бино ба гузориши сомонаи Бонки миллӣ, ин тангаҳои нав дар бародари тангаҳои филизии сохти солҳои 2001, 2006 ва 2011 гардиш хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон тақрибан 4 миллиард сомонӣ пули нақд дар гардиш аст. Хурдтарин пул дар ин кишвар пули тангаи 5-дирамӣ ва бузургтаринаш пули қоғазии 500-сомонист.

XS
SM
MD
LG